Тоҷикӣ
149
Тоҷикӣ
Тоҷикӣ
Мундариҷа
Муқаддима _____________________________________________________________________________ 149
Тавсифи умумӣ __________________________________________________________________________ 150
Мақсад ва нишондодҳо барои истифода___________________________________________________ 150
Маълумоти муҳими бехатарӣ _____________________________________________________________ 151
Пеш аз истифодаи якум __________________________________________________________________ 153
Тозакунӣ ва тамизкунӣ ___________________________________________________________________ 153
Истифодаи насоси сина __________________________________________________________________ 156
Истифодаи насоси сина ҳангоми пайдо шудани аломатҳои пуршавӣ_________________________ 161
Пас аз истифода _________________________________________________________________________ 162
Додани шири сина бо шиша ______________________________________________________________ 163
Мувофиқат ______________________________________________________________________________ 165
Фармоиши лавозимот ва қисмҳои эҳтиётӣ _________________________________________________ 166
Истифодаи партовҳо _____________________________________________________________________ 166
Кафолат ва дастгирӣ _____________________________________________________________________ 166
Ҷустуҷӯ ва ислоҳи нуқсонҳо _______________________________________________________________ 166
Таъсирҳои ҷонибии номатлуб_____________________________________________________________ 168
Шароити нигоҳдорӣ _____________________________________________________________________ 168
Майдонҳои электромагнитӣ (EMF) ________________________________________________________ 169
Маълумоти техникӣ ______________________________________________________________________ 169
Тавсифи рамзҳо _________________________________________________________________________ 172
Муқаддима
Табрик барои харид ва хуш омадед ба «Philips Avent»! Барои пурра баҳра бардоштан аз дастгирие, ки
«Philips Avent» пешниҳод мекунад, насоси синаи худро дар www.philips.com/mybreastpump ба қайд
гиред.
Насоси синаи барқии яктарафа/дутарафаи «Philips Avent» бо силсилаи «Plus» ба синамаконии кӯдак
ва макиши табии сина мувофиқат мекунад. Болиштҳои мулоими силикон нӯги синаро бо ҳаракатҳои
нарм массажи мулоим карда, ба шумо барои бароҳат ва самарабахш дӯшидани шир кумак
мерасонанд. Якҷоякунии макиш ва ҳавасмандгардонии нӯги сина ҷараёни тези шир мегардад.
Дизайне, ки ба пеш такя намекунад, ба шумо имкон медиҳад, ки тавонед ҳангоми ширдӯшӣ дар
ҳолати осуда ва рост нишинед.
Мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия медиҳанд, ки модарон бояд
кӯдаконро дар шаш моҳи аввали зиндагиашон танҳо бо шири сина ғизо диҳанд ва пас аз ин
синамакониро якҷоя бо хӯроки серғизо идома диҳанд. Сабаб дар он аст, ки шири синаи модар махсус
ба ниёзҳои кӯдак мувофиқат мекунад ва кӯдаки шуморо аз бемориҳои сироятӣ ва аллергӣ ҳифз
мекунад. Барои идома додани синамаконӣ, шумо метавонед шири синаро бароварда, нигоҳ доред,
то ки кӯдак тавонад онро боз ҳам хӯрад, ҳатто агар шумо муваққатан бо кӯдак истода натавонед ё ба
он ба ягон сабаб сина дода наметавонед. Зеро ки насоси сина барои истифода бо андозаи хурд,
бесадо ва ҷудогона мебошад, шумо метавонед онро бо худ ба ҷои дилхоҳ баред ва шири синаро дар
вақти зарурӣ дӯшонед ва зиёдшавии ширро таъмин намоед.
Агар шумо аллакай синамаконӣ дошта бошед, пеш оғози ширдӯшӣ тавсия дода мешавад (агар аз
ҷониби мутахассиси тандурустӣ тартиби дигар тавсия дода набошад) интизор шавед, то вақте ки
нақшаи зиёдшавии шири сина ва синамаконӣ муқаррар карда шавад (одатан ин аз 2 то 4 ҳафта пас аз
таваллуди кӯдак ба амал меояд).