156
Тоҷикӣ
Қадами 3: Тамизкунӣ
Маводҳои зарурӣ:
-
Дегчаи сирдор
-
Оби ошомиданӣ
Диққат: Ҳангоми безараргардонӣ бо оби ҷӯшон, ба назар гиред, ки шиша ё
қисмҳои дигар бояд ба паҳлуи дегчаи сирдор нарасанд. Агар расад, ин метавонад
шакли маҳсулро бебозгашт тағйир ёбад ё вайрон намояд, ки «Philips» барои ин
вайроншавӣ ҷавобгар намебошад.
1. Дегчаи сирдорро бо
об то дараҷаи кофӣ пур
кунед, то ки об ҳамаи
қисмҳоро пӯшонад, пас
ҳамаи қисмҳоро ба
дегча ҷойгир кунед.
Имкон диҳед, ки об ба
муддати 5дақиқа
ҷушад. Мутмаин шавед,
ки қисмҳо ба паҳлуи
дегчаи сирдор
нарасанд.
2. Имкон диҳед, ки об
хунук шавад.
3. Қисмҳоро аз об
оҳиста гирифта
бароред. Қисмҳоро
болои дастмол/сатҳи
тоза ё хушккунак
ҷойгир карда, дар ҳаво
хушк кунед.
4. Чизҳои хушкро дар
ҷойи тоза ва бехатар бо
некӣ то вақти лозимӣ
нигоҳ доред. Пеш аз
нигоҳ доштани қисмҳо,
мутмаин шавед, ки
ҳамаи қисмҳои
тозашуда ба таври
комил дар ҳаво хушк
карда шудаанд, то ки
бактерияҳо ва карра
пайдо нашавад.
Истифодаи насоси сина
Ҷамъкунии насоси сина
Мутмаин шавед. ки шумо қисмҳои насоси синаро, ки бо шири сина тамос мегиранд, тоза ва тамиз
кардед.
Огоҳӣ: Боэҳтиёт бошед, вақте ки шумо қисмҳои насоси синаро ҷӯшонида тамиз
мекунед, онҳо метавонанд хеле гарм шаванд. Барои пешгирии сӯхтани пӯст,
ҷамъкунии насоси синаро танҳо пас аз хунук шудани ҳамаи қисмҳои тамизшуда оғоз
кунед.
Огоҳӣ: Барои пешгирӣ кардани сирояткунӣ, пеш аз расидани даст ба қисмҳои
насоси сина ва синаи худ, дасти худро бо собун ва об бодиққат шӯед. Ба сатҳи
дохилии дарбаргиранда ё сарпӯш даст нарасед.
Пеш аз оғози истифода, қисмҳои маҷмӯаи насоси синаро барои фарсудашавӣ ё вайроншавӣ тафтиш
кунед ва дар ҳолати лозимӣ онҳоро иваз намоед.